Чин дар роҳи рушди устувор (гузориш аз семинар)

24-01-2020

      Имрӯз, 22 феврали соли 2018, дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзӯи “Сиёсати хориҷии Чин ва муносибатҳои Чину Ҷопон” баргузор шуд. Гузоришгари семинар профессори Донишгоҳи Токио Шин Кашива буд, ки ба омӯзиши таърихи муносибатҳои сиёсии Чину Ҷопон дар донишгоҳи мазкур машғул аст.

      Профессор Шин Кашива дар гузориши худ қайд кард, ки сиёсати хориҷии Чин то солҳои 2006-2008, аслан ба иқтисод мутамарказ шуда буд. То ин замон дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Шимолу Шарқӣ қоидаи нонавишати “иқтисод аз Чин, амният аз ИМА” мавҷуд буд. Аммо пас аз солҳои 2006-2008 Чин дар ду самти дигар фаъолияти худро оғоз кард. Ин самтҳо - амният ва даъвоҳои ҳудудӣ бо кишварҳои ҳамсоя аст. Дар ин давраи нав Чин ба қавӣ кардани қувваҳои мусаллаҳи худ машғул шуда, ҳаҷми хароҷоти худ ба ин соҳаро ба таври назаррас зиёд кард. Ҳамзамон кӯшиш ба харҷ медиҳад ҷазираҳо дар баҳри ҷанубии Чинро аз худ кунад ва бо ин мақсад дар аксари ҷазираҳои ин минтақа байрақи худро насб кардааст ва дар чанд ҷазира пойгоҳҳои ҳарбӣ сохтааст. Ин фаъолияти Чин норозигии кишварҳои минтақаро ба бор овардааст.

      Дар мавриди муносибатҳои Чину Ҷопон проффессор Кашива суҳбат карда гуфт, ки бо вуҷуди он ки аксари мардуми Ҷопон (80%) нисбати Чин хушбин нестанд, нисфи аҳолӣ муносибатҳои иқтисодӣ бо Чинро муҳим мешуморанд. Чин барои ширкатҳои ҷопонӣ ҳам манбаи қувваи корӣ аст ва ҳам бозори бузург ва ривоҷёбандаи фурӯши маҳсулоти аълосифати ҷопонӣ мебошад. Муносибати мутақобилан судманди ду кишвар раҳбарияти Ҷопон бо сарварии нахуствазир Аберо маҷбур мекунад, то нисбати фаъолияти тавсеаталабонаи Чин нармиро ихтиёр кунад.

      Дар бораи фаъолияти иқтисодии Чин дар Осиёи Марказӣ профессор Кашива гуфт, ки Чин ин минтақаро ҳамчун роҳи алтернативӣ барои дастрас кардани ашёи хом, аз ҷумла маҳсулоти нафтӣ аз кишварҳои Африко, Ховари Наздик ва Ирон дар назар гирифта, дар ин кишварҳо ба сохтмони роҳу коммуникатсияҳо сармоягузорӣ мекунад. Ҳамзамон дар чанде аз кишварҳои соҳили уқёнуси Ҳинд бандарҳоро бозсозӣ мекунад то ин шоҳроҳ дар ҳолати муташанниҷ шудани вазъият дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва баста шудани роҳҳои баҳрӣ истифода шавад. Аз инҷост, ки бо вуҷуди мушкилиҳо дар баъзе вилоятҳои худ, ҳукумати Чин маблағҳои калонро ба кишварҳои хориҷӣ сафарбар мекунад.

      Дар ҷавоб ба саволи “Оё Чин метавонад бе дастрасӣ ба илму технологияи кишварҳои пешрафтаи дунё, ҳадафҳои дар пешгузоштаи худро то соли 2050 амалӣ кунад?” Профессор Кашива ҷавоб дод, ки имрӯз дар наздикии шаҳри Гонконг Чин ба монанди “Дараи Силикон”-и Амрико шаҳри технологӣ дорад, ки дар он маҳсулоти инноватсионии электрикӣ истеҳсол мешавад. Махсусан, дар истеҳсоли паҳбодҳо Чин дар ҷаҳон аз ҳама пешрафта аст ва ин паҳбодҳо дар ҳамин минтақа истеҳсол мешаванд. Агар Чин дар ҳамин ҷода пешравӣ ва масолеҳи махсуси худро, ки дар онҳо бартарии илмӣ-технологӣ дорад, истеҳсол кунад ва дар бозори ҷаҳонӣ ба фурӯш гузорад, дигар ба технологияи кишварҳои ғарбӣ муҳтоҷ намешавад. Дар ин ҳолат бо такя ба илму технологияи худ Чин метавонад дар муҳлати гузошташуда ба ҳадафҳояш бирасад. Ҳадафи Чин, аз суханронии Президент Си Ҷин Пин бармеояд, ки табдил ёфтан ба иқтисоди рақами яки ҷаҳон то соли 2050 мебошад.

      Меҳр Собириён

      22.02.2018

473 нафар хонд


__Матолиби дигар дар ин бахш:

Бардошти шумо аз мақола:

Назарҳои хонандагон

-------------------------------

No comments

Расми гӯё

image/toppahnruz.jpg

-------------------------------------------------------------

Пурхондатаринҳо

34.jpg Чаҳоршанбесӯрӣ маросими Наврӯзӣ
meiji.jpg Ислоҳоти Мейҷӣ дар Ҷопон-намуна барои кишварҳои рӯ ба рушд
islbank.jpg Бонкдории исломӣ
ca.jpg Геополитика ва манофеи геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ
gni.jpg Маҷмӯи даромади миллии сарона дар кишварҳои ҷаҳон
cov19.jpg Раванди коркарди ваксин аз COVID-19
civilization.jpg Баҳси бархурди тамаддунҳо: вазъият ва дурнамо (2)
civilization.jpg Баҳси бархурди тамаддунҳо: вазъият ва дурнамо
8.jpg Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин: тиҷорат ва сармоягузорӣ
nano.jpg Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар бозори нанотекноложии ҷаҳон

-------------------------------------------------------------

Назарҳои охирин